Ба ҶСП “Бонки Осиё” иҷозатнома дода шуд
11 Октябри 2017
Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2017 (№ 17) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Бонки Осиё” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Шуъбаи матбуоти БМТ