(+992) 44 620-99-11
info@bankasia.tj
ш. Душанбе, кӯч. Бухоро 43

ҶСП “Бонки Осиё”дар низоми бонкӣ зери ҳамин ном аз аввалҳои соли 2017 ба қайд гирифта шудааст. Яъне он дар феҳрасти бонкҳо бо ба тасвиб расидани Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2017, №17 ворид карда шудааст. Аммо таърихи пайдоиши бонк аз соли 2011 ба табдилёбии ТАҚХ “Арзиш” ба бонк оғоз мегардад.

ҶСП “Бонки Осиё” – ташкилоти қарзӣ, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва Оиннома ба муҳлати номаҳдуд таъсис дода шудааст. Номи пурраи Бонк: Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи “Бонки Осиё” мебошад.

ҶСП “Бонки Осиё” дар бахши Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2017 таҳти рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда №0210000212 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. ҶСП “Бонки Осиё” фаъолияти худро мутобиқи Оинномаи худ, ки бо Қарори саҳмдори асосӣ аз 11 апрели соли 2016 тасдиқ шудааст  ва Иҷозатномаи нави Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2017 ба роҳ мондааст. Саҳмдории ягонаи Бонк дар ҳаҷми 100% шахси воқеӣ Саидов Р.С. мебошад.

Тибқи Оиннома суроғаи бонк, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро 43 буда, дар асл низ бо ҳамин суроға ҷойгир шудааст. Мутобиқи иҷозатнома Бонк ҳуқуқи иҷрои амалиёти дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” пешбини гардидаро дорад.

Шумораи воҳидҳои сохтории Бонк аз ду адад Маркази хизматрасонии бонкӣ иборат буда, бо муштариёни худ аз рӯи тамоми намудҳои амалиёти бонкӣ, ки дар иҷозатномаи бонк дарҷ гардидааст, хизматрасонӣ менамояд.